АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
30.01.2025
Натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи дуюми соли 2024 дар ташкилоти ибтидоии “Афканишот” дар Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
30 январи соли равон дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академия миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки муовини КИИ “Хирадмандон”-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар АМИТ - Қурбонова Ширин ва раиси ташкилоти ибтидоии “Афканишот” – КИИ “Хирадмандон”, - директори Агентӣ Илҳом Мирсаидзода ва кормандони ин ниҳод маҷлиси васеъ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ танҳо як масъала, натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Афканишот” – КИИ “Хирадмандон” -и ҲХДТ дар нимсолаи дуюми соли сипаригашта ва нақшаҳо барои соли 2025 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Дар рафти маҷлис директори Агентӣ, Илҳом Мирсаидзода вобаста ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Афканишот” – КИИ “Хирадмандон” дар нимсолаи дуюми соли 2024 ҳисобот дод.
Иброз гардид, ки кормандони Агентӣ, хусусан аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Афканишот” – и ҳизби ҲХДТ дар давраи ҳисоботӣ ба дастовардҳои назарраси илмӣ ноил гардиданд. Илова бар ин, саҳми кормандон дар корҳои ободонию созандагӣ дар бунёди бинои навтаъсиси Маркази минтақавии амният ва кафолати ХБРЯ-и АМИТ яке аз дастовардҳои аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Афканишот” арзёбӣ гардид.
Қайд гардид, ки Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду пешрафт ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ, мардуми шарифи Тоҷикистонро ба созандагиву бунёдкорӣ ва пешрафту шукуфоӣ ҳидоят месозад.
Дар интиҳои чорабинӣ, аз ҷониби муовини КИИ “Хирадмандон”-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар АМИТ - Қурбонова Ширин оид ба натиҷаи ҳисобот барои давраи минбаъда таклифу пешниҳодҳо манзур гардида, натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Афканишот” – КИИ “Хирадмандон” дар Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ қаноатманд арзёбӣ гардид.